Facebook
Instagram
Twitter
Home > Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ

Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ

Мувофиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии  асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ваколати бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар хориҷи кишвар ба зиммаи муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.

            Шаҳодатномаи таваллуд

Тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Амороти Муттаҳидаи Араб иқомат менамоянд, барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба фарзандонашон чунин ҳуҷҷатҳоро бояд пешниҳод намоянд:

  • Аризаи волидайн барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба фарзандашон;
  • Маълумотномаи муассисаи тиббии АМА дар бораи таваллуди тифл. Маълумотномаи мазкур ҳатман бояд дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии АМА таъйид карда шавад;
  • Нусхаи шиносномаҳои волидайн, раводиди иқоматӣ  ва Emirates ID;
  • Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳи волидайн.

Шаҳодатномаи таваллуд дар давоми 3 рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зикршуда омода мегардад.

  • Хироҷӣ консулии таҳияи шаҳодатномаи таваллуд 50 доллари ШМА;   
  • Пардохти хироҷи консулӣ ба таври нақдӣ манъ аст;
  • Пардохти хироҷи консулӣ метавонад чунин сурат гирифта шавад:

            -ба суратҳисоби Сафорат гузаронида шавад;

            -дар яке аз банкоматҳои FAB Bank пардохт шавад;

            -тавассути корти бонкӣ дар бахши консулии Сафорат пардохт карда шавад.

               Шаҳодатномаи вафот

Тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои гирифтани шаҳодатномаи вафот чунин ҳуҷҷатҳо бояд пешниҳод шаванд:

  • Аризаи хешовандон ва ё наздикони марҳум барои гирифтани шаҳодатномаи вафот;
  • Маълумотномаи муассисаи тиббии АМА дар бораи вафот; маълумотномаи мазкур ҳатман бояд дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии АМА таъйид карда шавад;
  • Нусхаи шиносномаи марҳум.

Шаҳодатномаи вафот дар давоми 1-2 рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зикршуда омода мегардад.

Хизматрасонии консулӣ ба таври ройгон анҷом дода мешавад.