Facebook
Instagram
Twitter
Home > Парламент

Парламент

Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ www.majlisimilli.tj ва Маҷлиси намояндагон https://www.parlament.tj иборат аст.

Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.
Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Сохтори Маҷлиси Миллӣ

-Кумита оид ба таъмини асосҳои консти­тутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуният

-Кумитаоид ба масъалаҳоиаграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология

-Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа

-Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъоли­яти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намоян­дагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ

Кумита оид ба иқтисодиёту коммуни­катсия

Комиссия оид ба назорати дастур

Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегардад. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд.

Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.

Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад.

Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад

Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳақ даст накашад.

Рустами Эмомалӣ – Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сохтори Маҷлиси намояндагон

Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон, кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагонро таъсис медиҳад.

-Кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон

-Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон

-Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният

Кумита оид ба иқтисод ва молия

Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захирахои об ва замин

-Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот

-Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон

-Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ

-Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ

-Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия

-Комиссияи экологӣ 

Комиссия оид ба одоби вакилон

Комиисия оид ба назорати дастур ва ташкили кор

Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.

Зокирзода Маҳмадтоир Зоир – Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.parlament.tj/chairman).

Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.

Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.
Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Сохтори Маҷлиси Миллӣ

-Кумита оид ба таъмини асосҳои консти­тутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуният

-Кумитаоид ба масъалаҳоиаграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология

-Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа

-Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъоли­яти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намоян­дагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ

-Кумита оид ба иқтисодиёту коммуни­катсия