Facebook
Instagram
Twitter
Home > Сафир

Сафир

Баҳодур Шарифӣ Маҳмудзода,
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
Амороти Муттаҳидаи Араб
ва Шоҳигарии Баҳрайн

Соли таваллуд: 10.04.1980

Ҷои таваллуд: ш. Душанбе

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Соли 2001 Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон ва соли 2007 Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, соли 2014 Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ, Брюссел, Шоҳигарии Белгия хатм кардааст.

Ихтисос: “Ҳуқуқшиноси байналхалкӣ”, “Мутахассиси муносибатҳои байналхалқӣ”, “Магистри соҳаи сиёсати байналмилалӣ”

Забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ ва фаронсавӣ

Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 5 фарзанд

Фаъолияти меҳнатӣ

Солҳои 1996-2001 – донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон, ш. Душанбе

Солҳои 2002-2003 – Мутахассиси пешбари Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе

Солҳои 2003-2004 – Котиби сеюми Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе

Солҳои 2004-2007 – шунавандаи Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия

16.07.2007-12.10.2007 – Котиби сеюми Шӯъбаи омодасозии боздидҳо ва аккредитатсияи Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

19.10.2007-08.09.2008 – Котиби сеюми Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

08.09.2008-26.08.2009 – Котиби дуюми Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.08.2009-03.05.2011 – Сардори Шӯъбаи дастгоҳи хориҷии Раёсати кадрҳо ва иттилооти махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

3.05.2011-17.02.2014 – Мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, ш. Брюссел, шунавандаи Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ

17.02.2014-10.06.2014 – Сардори шӯъба оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10.06.2014-18.05.2016 – Сардори Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 18.05.2016 – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб