Home > Вазорати корҳои хориҷӣ

Вазорати корҳои хориҷӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ роҳандозии сиёсати хориҷӣ ва пешбурди  равобит бо дигар давлатҳо ва субъектҳои муносибатҳои байналмилалиро   як аз  самтҳои меҳварии фаолияти худ қарор дод.
Ҳангоми таҳия ва татбиқи самти сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ, тақсимоти ваколатҳо миёни шохаҳои ҳокимият мутобиқи сохти конститутсионии давлат сурат мегирад.

Мақомоти равобити хориҷӣ ба дохилидавлатӣ ва хориҷӣ тақсим мешаванд. Дар навбати худ, мақомоти дохилидавлатӣ метавонанд ё мақомоти салоҳиятдори умумӣ ва ё махсус бошанд. Дар Тоҷикистон гурӯҳи мақомоти ваколатдори умумиро инҳо ташкил медиҳанд: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ иборат аз ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин низом ҳамчун мақоме амал мекунад, ки вазифаҳои махсуси фаъолияти ҳаррӯза дар соҳаи татбиқи самти сиёсати хориҷии давлат бар души ӯ вогузор гардидаанд.

«Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, идоракунии давлатиро дар соҳаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд ва низоми мақомоти хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад», – оварда шудааст дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ».

ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ иҷро менамояд. Ҳадафи асосии равиши мазкур таъмини марказонидашудаи пешбурди хати ягонаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар муносибатҳо бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шахси ҳуқуқиро дошта, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, муҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад. Назорати фаъолияти Вазорат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Мақомоти хориҷии равобити хориҷӣ аз инҳо иборатанд:

– доимӣ – намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулгарӣ, намояндагиҳо дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои тиҷоратӣ;

– муваққатӣ – намояндагиҳои махсус, ҳайатҳои давлатӣ дар ҷаласаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, дар конфронсҳои байналмилалӣ (маҷлисҳои машваратӣ ва ғайраҳо).

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таъсисёбии он ба сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ алоқаманд аст, таърихи худро дорад. 1-уми феврали соли 1944, Шӯрои Олии ИҶШС қонунеро дар бораи додани ваколат ба ҷумҳуриҳои иттифоқ дар соҳаи равобити хориҷӣ қабул кард, ки дар он ҳуқуқи ҳар як ҷумҳурии иттифоқ ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои мустақим бо давлатҳои хориҷӣ пешбинӣ гардида буд. Баъд аз қабули қонуни мазкур, дар ҷумҳуриҳои иттифоқ вазоратҳои корҳои хориҷӣ мувофиқи қонунгузории ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуд ва ВКХ ИҶШС аз умумииттиҳодӣ ба вазорати иттифоқӣ-ҷумҳуриявӣ табдил дода шуд.

Муқаррар намудани тартиботи умумӣ дар муносибатҳои ҷамоҳири иттифоқ  бо давлатҳои хориҷӣ ва намояндагӣ дар муносибатҳои байналмилалии ИҶШС дар маҷмӯъ бар зиммаи Мақомоти олии ҳокимияти давлатии ИҶШС боқӣ монд.

12-уми маи соли 1944 ҷаласаи VII-уми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Қонун «Дар бораи таъсиси Комиссариати Халқии иттифоқӣ-ҷумҳуриявии корҳои хориҷии Тоҷикистон»-ро қабул кард. 29-уми июли соли 1944 бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Ахмедов Алӣ Комиссари халқии корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон таъин шуд, ки дар вазифаи мазкур то соли 1946 фаъолият намуд.

15-уми марти соли 1946 Комиссариати халқии корҳои хориҷии ИҶШС ба Вазорати корҳои хориҷии ИҶШС табдил дода шуд. 27-уми марти ҳамин сол бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон комиссариатҳои халқии ҷумҳурӣ ба вазорати дахлдор ва ба таври муносиб, Комиссариати халқии корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон табдил дода шуданд.

Дар давраи аз соли 1946 то 1989, раисони Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ Ҷаббор Расулов, Турсун Улҷабоев, Назаршо Додхудоев, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Раҳмон Набиев, муовинони Раиси Шӯрои Вазирон Рустамбек Юсуфбеков, Усмон Усмонов мақоми Вазири корҳои хориҷиро ҳамчун ҷои мансаби дуюм ишғол намуданд. Аз соли 1989 вазифаи вазириро Лаким Қаюмов ба ӯҳда дошт.

Қайд кардан маврид аст, ки дар замони Шуравӣ дар солҳои гуногун Ғулом Алиев, Ҳилол Каримов, Абдураҳмон Дадабоев, Абдуқодир Сангинов, Қодир Наимӣ, Маҳмудбек Нарзибеков, Карим Юлдошев ва дигар намояндагони Тоҷикистон дар низоми ВКХ ИҶШС (дастгоҳи марказии ВКХ ИҶШС, намояндагиҳои дипломатии шӯравӣ дар хориҷа ва ВКХ ҶШС Тоҷикистон) адои вазифа намуданд.

Ҷаббор Расулов, ки дар солҳои 1946-1955 Раиси Шӯрои Вазирон ва ҳамзамон вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон буд, дар солҳои 1960-1961 вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИҶШС дар Ҷумҳурии Тогоро ба ӯҳда дошт. Таъкид Ҷоиз аст, ки Ҷаббор Расулов аввалин сафири Иттиҳоди Шӯравӣ дар Того буд.  Собиқ Раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Мирзо Раҳматов дар солҳои 1966-1975 ҳамчун Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИҶШС, аввал дар Ҷумҳурии Арабии Яман ва сипас дар Ҷумҳурии Исломии Мавритания фаъолият намудааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Лаким Қаюмов, Худобердӣ Холиқназаров, Рашид Олимов, Талбак Назаров, Ҳамрохон Зарифӣ дар вазифаи вазири корҳои хориҷии (моҳи январ-июли соли 1992 вазири равобити хориҷӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудаанд.   Аз 29-уми ноябри соли 2013, Сироҷидин Аслов Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

10-уми январи соли 1992 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори нави Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардид. Ба ҷои собиқ Вазорати корҳои хориҷӣ Вазорати равобити хориҷӣ ташкил карда шуд, ки вазифаҳои вазорати равобити иқтисодии хориҷиро низ бар ӯҳда дошт. Вазифаҳо, сохтор, шакл ва усули кори вазорат тағйир ёфт. Аммо, баъд аз чанде роҳбарияти ҳукумат ба хулоса омад, ки идораи сиёсати хориҷӣ бояд мустақилона фаъолият намояд.

Ҳамин тариқ, 20-уми июли соли 1992 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Набиев «Дар бораи такмили сохтори мақомоти идоракунии робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон баровард. Дар ҳуҷҷати мазкур, аз ҷумла оомадааст, ки дар робита бо ташкил ва густариши муносибатҳои дипломатӣ, тавсеаи муносибатҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо кишварҳои зиёди хориҷӣ ва бо мақсади беҳтаргардонии минбаъдаи сохтори мақомоти идоракунии масъалаҳои мазкур, “азнавтаъсисёбии Вазорати равобити хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад шуморида шавад”.

Дар асоси Вазорати робитаҳои хориҷии азнавташкилгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ташкил гардиданд. Тавассути ҳамин фармон, Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки шумораи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян ва барои нигоҳдории он маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд.

27-уми августи соли 1992 зимни иҷрои фармони зикргардида, Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд. Тавассути қарори мазкур сохтори дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумораи кормандон дар ҳаҷми 40 нафар бо кормандони хизматрасон (ба сохтор шомил буданд: роҳбарият; котиботи умумӣ; шуъбаи равобити дуҷониба ва бисёрҷониба; шуъбаи созмонҳои байналмилалӣ, равобити ҳарбӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ; шуъбаи протоколи давлатӣ; шуъбаи консулгарӣ; шуъбаи маъмурӣ-хоҷагӣ) тасдиқ гардид.  Ҳамчунин ба Вазорат иҷозат дода шуд, ки се муовини вазир, аз ҷумла муовини аввал дошта бошад. Роҳбарияти ҷумҳурӣ гомҳои нахустини худро бо мақсади кушодани намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар гузошт.

Нахустин санад оид ба ифтитоҳи намояандагии дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми июли соли 1992 оид ба таъин намудани собиқ Вазири корҳои хориҷии кишвар Лаким Қаюмов ба сифати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Фаъолияти ҷиддӣ ва муттасил оид ба таҳияи самтҳои сиёсати хориҷии кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои амалкарди ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии дипломатии ҷумҳурӣ дертар зери роҳбарии бевоситаи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид.

Аз соли 1993 инҷониб тадбирҳои ҷиддӣ, аз як тараф ҷиҳати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии сиёсати байналмилалии давлат ва робитаҳои хориҷӣ ва аз тарафи дигар бо мақсади таҳия ва қабули асосҳои меъёрии ҳуқуқии амалкарди низоми хадамоти дипломатии ҷумҳурӣ андешида шуданд.

29-юми сентябри соли 1993, бори аввал дар таърих, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ҷаласаи 48-уми Маҷмаъаи Умумии СММ баромад намуд. Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба бо дигар давлатҳо ва иштироки фаъол дар кори ташкилотҳои байналмилалӣ тадриҷан оғоз намуд.

Дар солҳои муноқишаҳои сиёсӣ ва мусаллаҳона, Вазорати корҳои хориҷӣ дар раванди ҳалли мусолиматомези даргириҳо ва баргардонидани гурезаҳо ба макони зисти доимияшон фаъолона иштирок намуд.

Он замон қариб 70 ҳазор гурезаи тоҷик дар лагерҳо барои гурезагон дар қаламрави Афғонистон (Мазори-Шариф, Шерхан Бандар, Қундуз, Тошкурған, Толиқон) қарор доштанд. Аз оғози соли 1993 роҳбарияти ҷумҳурӣ гурӯҳҳои кориро барои кор бо гурезагон равон мекард. Соли 1996 дар Толиқон Консулгарии Тоҷикистон кушода шуд, ки ба фароҳамоварии шароити зист ба гурезагони дар қаламрави Афғонистон қарордошта ва ба тадриҷ баргардонии онҳо ба ватан машғул буд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо, дар давраи аз оғози соли 1993 то соли 1997 гурезагон аз Афғонистон ба ватан баргардонида шуданд.

Намояндагони вазорат дар ташкил ва гузаронидани гуфтушунидҳои миёни тоҷикон иштирок намуданд ва аз моҳи январи соли 1996 то анҷоми онҳо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Назаров ҳайати ҳукуматиро дар гуфтушунидҳо роҳбарӣ намуд.  Раванди музокироти миёни тоҷикон, ки моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Москва оғоз гардид, 27-уми июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Русия бо имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» хотима ёфт.

Тавре ки дар боло зикр гардид, аз соли 1992 Тоҷикистон ифтитоҳи намояндагиҳои дипломатии худро дар хориҷи кишвар оғоз намуд. Соли 1993 сафоратҳои кишвар фаъолияти худро дар Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон оғоз намуданд.

Дар замони Шуравӣ дар шаҳри Москва Намояндагии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар назди Шӯрои Вазирони ИҶШС фаъолият мекард. Баъд аз ба даст овардани истиқлолият, муассисаи мазкур ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва табдил дода шуд ва соли 1993 ҳамчун Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия тағйири ном кард. 18-уми декабри соли 1993 бар асоси он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия таъсис дода шуд.

Минбаъд сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар кишварҳое, ки ҷумҳурӣ бо онҳо ҳамкориҳои мутақобилан судманд барқарор намуда буд, ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон дар  кишварҳои хориҷӣ ва дар назди  як қатор созмонҳои  байналмилаливу минтақавӣ 40 сафорат ва намояндагиҳои доимии худро ифтитоҳ намудааст.

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ шуд, 2-юми марти соли 1992 ба ҳайати Созмони Милали Муттаҳид дохил гардид ва аъзои САҲА, СҲИ, ЭКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Дар солҳои ахир Тоҷикистон макони баргузории чорабиниҳои бузурги  байналмилалӣ гардид. Тобистони соли 2000 дар шаҳри Душанбе ҳамоишҳои «Форуми Шанхай» ва Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардиданд.

Моҳи октябри соли 2007 бори нахуст дар пойтахти Тоҷикистон «ҳамоиши сеҷониба» баргузор шуд, ки дар он мақомоти баландпояи Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мулоқот баргузор намуданд. Моҳи августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе нишасти 8-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бомуваффақият гузаронида шуд. Ҷониби қабулкунанда тамоми шароитҳои заруриро барои кор ва иқомати меҳмонони баландпоя ва ҳайатҳои ҳамроҳикунандаи онҳо фароҳам сохт.
Дар солҳои ахир, дар пойтахти ҷумҳурӣ, чандин конфронси байналмилалӣ бо иштироки намояндагони бисёр кишварҳои ҷаҳон баргузор гардид, ки дар ҷараёни онҳо чунин масоили муҳими хусусияти ҷаҳонидошта, аз қабили истифодаи оқилонаи захираҳои об, пешгирии фалокатҳои экологӣ, офатҳои табии марбут ба об, мубориза бар зидди терроризм ва маводи мухаддир, вазъи Афғонистон ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум  санаи 9-уми сентябри соли 1991 қабул гардидааст, дарҷ гардидааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ баромад намуда, дар фаъолияти худ барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол, рушди ҳамкориҳо миёни онҳо дар ҳалли проблемаҳои ҷаҳонӣ, ки дар назди инсоният истодаанд, талош меварзад». Дар шароити истиқлолияти давлатӣ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва ваколати заруриро барои иҷрои фаъолияти сиёсати хориҷӣ гирифт. Ин ҳама дар ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи фаъолияти идораҳои сиёсати хориҷии кишвар дарҷ гардидаанд. Дар ин росто қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи хзмати дипломатӣ», «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Низомнома «Дар бораи ҷорӣ намудани вазифаҳои атташеҳои ҳарбӣ дар назди сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқи Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардиданд ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи ҳуқуқҳо ва вазифаҳои асосии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дигар кишвари хориҷӣ аккредитатсия шудааст», «Дар бораи тасдиқи Низомномаҳои асосии амалияи протоколии ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Протоколи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)», «Дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи тартиби додани рутбаҳои дипломатӣ» ва ғайраҳо содир гардиданд, Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди роҳбарӣ қарор медиҳад.

31-уми апрели соли 2007 Консепсияи таҷдиди сохтори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Ҳуҷҷат рушди сохтории Вазоратро барои солҳои 2007-2020 пешбинӣ менамояд. Ҳамин тариқ, Вазорат бо фароҳамоварии шароит, имконоти корӣ ва тақвияти захираҳои инсонӣ тавсеаи  соҳаҳои фаъолияти худ ва беҳтар кардани самаранокии онро ҳадафи худ қарор додааст.

Эзоҳ:

Дар давоми 65 сол номи идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон 5 маротиба иваз гардид:

– Комиссариати халқии корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (12.05.1944-06.1946);

– Вазорати корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (06.1946-31.08.1991);

– Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (31.08.1991-10.01.1992);

– Вазорати робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (10.01.1992-20.07.1992);

– Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с 20.07.1992).