Home > Рамзҳои давлатӣ

Рамзҳои давлатӣ

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоирае, ки аз ҳафт ситораи бо нурҳои офтобӣ аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чамбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардааст, иборат мебошад. Болои чамбар бо тасмаи сераха печонида шуда, дар қисми поён болои лавҳ китоби кушодашуда ҷой гирифтааст.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб ва лавҳ бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз буда, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷа ҷой дошта шудаанд, ки паҳлӯи амудиашон 0,8 паҳлӯи уфуқиашон 1,0 паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой гирифтаанд.

Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и паҳнои рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 – рахи сафед васл гардидаанд.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шеъри Гулназар Келдӣ
Оҳанги Сулаймон Юдаков

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем,
кашидаем

Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту,
канори ту

Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост,
ҳабиби мост,

Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!