Home > Соҳаҳои ҷолиби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Соҳаҳои ҷолиби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2019 аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ 6,0 фоиз, ХБА 5,0 фоиз ва Бонки Осиёгии Рушд 7,0 фоиз пешгӯӣ шудааст. Мувофиқи дурнамои тасдиқшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2019 7,6% баҳодиҳӣ карда шудааст.Дар нимсолаи якуми соли 2019 фаъолияти ҳукумати ҷумҳурӣ ба коҳиш додани таъсири омилҳои манфии беруна, таъмини рушди самарабахши иқтисодиёт аз ҳисоби имкониятҳои дохилӣ, таъсиси коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ ва дар ин замина афзоиш додани истеҳсоли молҳои ба содирот нигаронидашуда, сохтмон ва азнавсозии инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва сайёҳӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардид. Дар ин давра суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар сатҳи 7,5 фоиз ё 0,3 банди фоизӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар таъмин карда шуда, ҳаҷми номиналии он ба 31,3 млрд. сомонӣ баробар гардид.Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба ҳар нафар аҳолӣ дар нимсолаи якум 3411,6 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 339,8 сомонӣ ё 10,6 фоиз зиёд мебошад.Рушди мусбати иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз ҳисоби афзоиши воқеии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12,5 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 10,8 фоиз, ҳаҷми умумии гардиши савдои дохилӣ 9,4 фоиз, содирот 8,1 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 0,9 фоиз таъмин гардид.Дар ин давра дар сохтори ММД ҳиссаи истеҳсоли молҳо ба 41,5 фоиз, хизматрасониҳо 46,6 фоиз ва андозҳо ба 11,9 фоиз баробар гардид. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳиссаи истеҳсоли молҳо 1,9 банди фоизӣ зиёд, ҳиссаи хизматрасониҳо 1,1 банди фоизӣ ва андозҳо 0,8 банди фоизӣ кам шудаанд. Зиёдшавии ҳиссаи истеҳсоли молҳо аз ҳисоби зиёд гардидани ҳиссаи арзиши изофаи саноат дар сохтори ММД ба андозаи 0,8 банди фоизӣ ва кишоварзӣ 1,1 банди фоизӣ ба вуҷуд омадааст.Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2019 сатҳи таваррум 4,0 фоизро ташкил дод, ки ин аз ҳисоби 6,6 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ, 0,9 фоиз молҳои ғайриозуқа ва 0,9 фоиз тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ ташаккул ёфтааст.Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молия (ба ҳолати 12 июли соли 2019) қисми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2019 дар сатҳи 100,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 10949,3 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид (48,9 млн. сомонӣ зиёд), ки нисбат ба ММД 35,0 фоизро ташкил менамояд.Дар моҳҳои январ – июни соли 2019 дар соҳаи саноат ҷиҳати таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатпазиру воридотивазкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва густариши иқтидори содиротии кишвар як силсила тадбирҳои судманд амалӣ гардиданд.Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2019 дар ҷумҳурӣ 146 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 1864 ҷойҳои кории нав сохта ба истифода дода шудаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 11,9 млрд. сомониро ташкил намуда, суръати рушди он ба 12,5 фоиз баробар гардид.Таъмини рушди соҳаи саноат дар ин давра аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноати истихроҷ дар ҳаҷми 2,1 млрд. сомонӣ (суръати рушд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,0 фоиз), соҳаи саноати коркард 6,4 млрд. сомонӣ (12,4 фоиз), ҳаҷми арзишии таъиноти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 3,3 млрд. сомонӣ (10,4 фоиз) ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 89,3 млн. сомонӣ (22 фоиз) ба миён омад.Дар давраи ҳисоботӣ ҳиссаи саноати истихроҷ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 18,0 фоиз, саноати коркард 53,5 фоиз, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 27,7 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 0,8 фоизро ташкил намуд.Дар нимсолаи якуми соли 2019 истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ 10130,6 млн. кВт. соатро (бо назардошти истеҳсоли нерӯи барқ дар НБО-ҳои хурд 9,6 млн.кВт соат) ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 фоиз зиёд мебошад.Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли нерӯи барқ аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» 8074,9 млн. кВт. соат, ҶСК НБО «Сангтӯда-1» 1286,5млн. кВт.соат, ҶСК НБО «Сангтӯда-2»443,9 млн. кВт. соат, ҶСК «Помир-Энерҷӣ» 104,4 млн. кВт. соат ваҶСК «НБО Роғун»211,3 млн. кВт. соатро ташкил дод.Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби «МБГ-1» 134,2 млн. кВт.соат ва «МБГ-2» 766 млн. кВт.соат ва дар маҷмӯъ 900,2 26 млн. кВт.соат нерӯи барқ истеҳсол гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 маротиба зиёд мебошад.Дар шаш моҳи соли 2019 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ аз рӯи ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 7789,9 млн. сомониро ташкил дода, рушди воқеии он 10,8 фоиз афзоиш ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи солҳои 2017-2018 мутаносибан 4,4 ва 2,3 банди фоизӣ зиёд аст. Маҳсулоти растанипарварӣ ба маблағи 5072,4 млн. сомонӣ ва маҳсулоти чорводорӣ ба маблағи 2717,5 млн. сомонӣ истеҳсол шуд, ки суръати афзоиши онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан 12,2 фоиз ва 8,4 фоиз зиёд гардидааст.Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади самаранок ва оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб заминҳои корами обӣ ва гирифтани ду ҳосил аз як замин аз тарафи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосил дар масоҳати 57956,3 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3211,8 гектар ё 5,9 фоиз зиёд мебошад.Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 223182 оилаи занбӯри асал мавҷуд буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1347 оила зиёд мебошад. Барои ривоҷ додани соҳаи занбӯрпарварӣ ва қонеъ намудани эҳтиёҷмандон дар КВДҶ «Асали Тоҷикистон» айни замон шумораи умумии оилаҳои занбӯри асал ба 3300 адад расонида шуда, дар 160 боғчаҳои занбӯрпарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ парвариш ёфта истодааст.Дар ин давра истеҳсоли асал 610,5 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 5,5 фоиз зиёд мебошад.Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ 5176,2 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6 фоиз кам мебошад.Аз ҳаҷми маблағҳои асосии дар ин давра азхудшуда 2912,4 млн. сомонӣ (56,2 фоиз) маблағҳои буҷети давлатӣ, 1228,7 млн. сомонӣ (23,8 фоиз) сармояи хориҷӣ ва 1035,1 млн. сомониро (20 фоиз) дигар сарчашмаҳо ташкил медиҳад.Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 404,2 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 5290 ҷойи нишаст, дармонгоҳҳо барои қабули 295 нафар дар як баст ва беморхонаҳо барои 12 кат сохта ба истифода дода шудааст.Дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ҳаҷми умумии гардиши савдо 14057,8 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз ҳаҷми умумии гардиши савдо гардиши савдои чакана ба 11434,9 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар гардиши савдои чакана вазни хоси молҳои озуқаворӣ 49,6 фоиз ва ғайриозуқа 50,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра баландшавии суръати рушд асосан аз ҳисоби 28,9 фоиз ё 555,3 млн. сомонӣ афзоиши фурӯши сӯзишворӣ, 15,5 фоиз ё 228,8 млн. сомонӣ фурӯши чорво, 6,1 фоиз ё 391,0 млн. сомонӣ молҳои озуқаворӣ ва дигари ғайриозуқа дар бозору мағозаҳо ба миён омадааст.Ҳамзамон афзоиши гардиши савдо аз ҳисоби зиёд шудани субъектҳои савдои яклухт ва чакана ба амал омадааст, ки теъдоди онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 286 адад зиёд шудааст.Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 5812,6 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 фоиз ё 206,3 млн. сомонӣ зиёд шудааст.Дар моҳҳои январ-июни соли 2019 тавассути ҳамагуна нақлиёт 40,1 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 фоиз зиёд мебошад. Зиёдшавии ҳаҷми боркашонӣ асосан аз ҳисоби нақлиёти автомобилӣ ба миён омадааст, ки дар давраи ҳисоботӣ 37,5 млн. тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,7 фоиз афзоиш ёфтааст.Ҳаҷми боркашонӣ ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан 2,6 млн. тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз зиёд мебошад.Бояд қайд кард, ки дар моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ тавассути роҳи оҳан ҳамагӣ 2,6 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки ин нисбат ба нақлиёти автомобилӣ 14,4 маротиба кам мебошад.Дар моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ мусофиркашонӣ тавассути ҳамагуна нақлиёт 335,4 млн. нафарро ташкил намуд, 42 ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,9 фоиз зиёд мебошад.Гардиши мусофирон дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ба 4459,9 млн. мусофир/км баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 фоиз зиёд гардидааст.Мувофиқи маълумоти оморӣ гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ 2136,9 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 фоиз ё 77,3 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Содироти мол 570,6 млн. доллар ва воридоти мол 1566,3 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содироти мол 8,1 фоиз ё 42,6 млн. доллар ва воридоти мол 2,3 фоиз ё 34,7 млн. доллар афзоиш ёфт.

Захираҳои табиии Тоҷикистон

Захираҳои табиии Тоҷикистон хеле гуногунанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон конҳои зиёди филизоти нимхимивӣ, нодир ва асил муҳайё гаштаанд, аз ҷумла: руҳ, сурб, молибден, волфрам, мис, тилло, нуқра, сурма, симоб, шпати гудохташаванда, қалъагӣ, уран, бисмут, оҳан, манган, намаки ош, магний ва дигар филизоте, ки содиршаванда ҳастанд. Ба конҳои маъруфи Тоҷикистон конҳои тиллои Панҷакент ва Шуғнон,кони нуқрагии Конимансури Калон, кони сурмаи Анзоб, конҳои санги мармар дар Ванҷ, Панҷакент, Дарвоз,Шаҳристон ва дигарҳо ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, конҳои ангишт, газ, нафт, мармар ва масолеҳи сохтмонӣниз вуҷуд доранд. Аз ҷиҳати захираҳои ангишт Тоҷикистон яке аз ҷойҳои болоиро дар минтақаи Осиёи Марказӣишғол менамояд. Захираҳои геологии умумии он 4,0 миллиард тоннаро ташкил медиҳад, ки аз он 80%-аш баангишти коксӣ тааллуқ дорад.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чашмаҳои беҳамтои шифобахш ва обҳои маъданӣ мебошад.

  Захираҳои обӣ: Дарёҳои асосӣ: Сирдарё, Амударё, Вахш, Панҷ, Зарафшон. Каналҳои обёрии бузург: Ҳисори, Далварзин, қисмати Тоҷикистонии каналҳои бузрги Фарғона ва Фарғонаи Шимолӣ. Аз ҳисоби кӯлҳо низТоҷикистон бой мебошад. Аз ҷумла, шумораи умумии онҳо тақрибан 1300 адад буда, масоҳати умумии онҳо 705 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Калонтарини онҳо – Қарокӯл, Сарез, Ёшилкӯл ба ҳисоб мераванд. Кулҳо асосан дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд.