Home > Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан

Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан

Шаҳодатномаи бозгашт аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:

  • аризаи муроҷиаткунанда;
  • маълумотномаи шўъбаи корҳои дохилӣ ва ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати иқомати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муроҷиати ин шаҳрванд оиди ҳодисаи гум шудани шиноснома;
  • ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуд, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, билети ҳарбии офитсери захира) ё аризаи ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замимаи шиносномаҳояшон, ки оид ба мансубияти муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд ва аз ҷониби корманди консулӣ бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шудаанд.

Дар қаламрави Амороти Муттаҳидаи Араб ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай барасмият дароварда мешавад.

Тамоси телефонӣ барои гирифтани маълумоти муфассал:

Tel.: (+971) 4 3945814;
Fax: (+971) 4 3945812;
Е-mail: dubaitajcons@gmail.comdubaitajcons@mfa.tj