Home > Ҳукумат

Ҳукумат

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 7 декабри соли 2006 № 572
ш. Душанбе

Дар бораи таъсиси Раёсати Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати зерин (аз рӯи вазифа) таъсис дода шавад:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2005 №62 “Дар бораи таъсиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов