Home > Без рубрики > Машваратҳои консулӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб

Машваратҳои консулӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб

19 октябри соли 2017 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб таҳти роҳбарии Сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Холназаров ва Муовини Вазир-Сарпарасти Хадамоти консулии Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Саид Илҳом Ал Зоҳирӣ баргузор гардид.

Зимни машваратҳои консулӣ роҳбарони бахши консулӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба, ёрии ҳуқуқӣ ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро баррасӣ намуданд. Инчунин, ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байниидоравӣ оид масъалаҳои хариду фурӯши одамон, сайёҳӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.