Home > Без рубрики > Машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб

20 марти соли 2017 таҳти раҳбарии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад ал-Ҷерман нахустин машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Аморот баргузор шуданд.
Масъалаҳои татбиқи минбаъдаи тавофуқҳое, ки дар рафти сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб моҳи марти соли 2016 ҳосил шуданд, инчунин тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсат, амният, робитаҳои байнипарлумонӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика, илм, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина ҷонибҳо бар аҳамияти тақвияти нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии он дар наздиктарин фурсат дар АМА таъкид намуданд.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Бастаи нави санадҳои дуҷониба мувофиқа карда шуд ва самтҳои дурнамодори ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак таъйин гардиданд.
Ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табодули назари судманд сурат гирифт.