Home > Без рубрики > Мулоқот бо Вазири давлатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии АМА

Мулоқот бо Вазири давлатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии АМА

28 ноябри 2020 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Музаффар Ҳусейнзода дар ҳошияи нишасти 47-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Исломӣ (СҲИ) бо Вазири давлатии ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА), хонум Рим ал-Ҳошимӣ мулоқот анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ байни ду кишвар баррасӣ гардид. Таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳим дониста шуд. Мусоҳибон доир ба омодагии ҷониби аморотӣ ба танзими EXPO дар Дубай ва иштироки Тоҷикистон дар ин чорабинӣ табодули назар карданд.