Home > Без рубрики > Мубодилаи барқияҳои табрикӣ

Мубодилаи барқияҳои табрикӣ

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид Оли Наҳён ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад:

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид Оли Наҳён омадааст:

«Аълоҳазрат,

Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба ифтихори 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, сидқан табрику таҳният мегӯям.

Ҷониби Тоҷикистон аз он қаноатманд аст, ки тайи ин солҳо муносиботи дӯстиву ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои мо марҳала ба марҳала рушд ёфта, арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифтаанд.

Итминон дорам, ки мо бо саъю талошҳои пайгиронаи муштарак робитаҳои ҳасанаи кишварҳоямонро дар оянда низ мутобиқ бо манфиатҳои аслии мардумонамон тавсеа бахшида, мазмуну муҳтавои онҳоро боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид.

Бо истифода аз фурсати нек ба Шумо сиҳатмандии бардавому хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсту бародари Амороти Муттаҳидаи Араб осоишу некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу менамоям.

Лутфан эҳтиромоти фоиқа ва таманниёти неки ин ҷонибро ба унвонатон бипазиред».

Дар барқияи табрикии Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид Оли Наҳён ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Бо салому дуруди беҳтарин,,,

Боиси сарфарозӣ ва камоли хушнудии ин ҷониб аст, ки табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринамро ба муносибати 25-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта, барои Ҷаноби Олӣ саломативу саодатмандӣ, ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоии минбаъда орзу намоям.

 Лутфан, эҳсосоти самимии иззату эҳтироми манро нисбати шахсияти Шумо қабул фармоед».

Дар робита ба фарорасии 25-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, ки ба 18 декабр рост меояд, ба унвони Пешвои миллат ҳамчунин аз номи Ноиби Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рашид ал-Мактум, Валиаҳди Абу Забӣ, Муовини Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.