АМИТ «ХОВАР»: — Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, солгард фурсатест, ки аз гузашта ёдовар шавем, имрӯзро арзёбӣ намоем ва ба оянда назар андозем. Шумо дар сароғози таъсиси СҲШ қарор доштед. Ин созмони минтақавӣ чӣ гуна ба вуҷуд омад?
ПРЕЗИДЕНТ: — Ҳамааш, гуфтан мумкин, расо чаҳоряк аср муқаддам — аз муколамаи фаъоли сарони давлатҳо оғоз пазируфт. Соли 1996 дар шаҳри Шанхайи Чин нахустин мулоқоти сарони панҷ давлат — Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд, ки зимни он Созишнома дар бораи таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи марзӣ ба имзо расид. Маҳз дар асоси Созишномаи мазкур механизми минтақавии ҳамкорӣ бо номи «Панҷгонаи Шанхай» ба вуҷуд омад. Пас аз як сол, соли 1997, дар Москва мо Созишнома дар бораи коҳиши мутақобилаи неруҳои мусаллаҳ дар минтақаи марзиро имзо кардем.
4-5 июли соли 2000 дар Душанбе мулоқоти панҷум ва охирини сарони давлатҳои “Панҷгони Шанхай” баргузор гардид ва дар эъломияи ниҳоии он муқаррароте дарҷ шуда буд, ки ба сохтори минтақавии ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаҳои гуногун табдил додани “Панҷгонаи Шанхай”-ро пешбинӣ мекард.
Баъдан, 14-15 июни соли 2001 дар Шанхай дар саммити сарони Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсиси аллакай як сохтори бисёрҷонибаи шаш давлат — Созмони ҳамкории Шанхай эълон карда шуд.
Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки маҳз мулоқоти сарони давлатҳои “Панҷгонаи Шанхай” дар Душанбе ба таъсиси СҲШ заминаи мафҳумӣ гузошт.
АМИТ «ХОВАР»: — Моҳи июни соли 2002 дар шаҳри Санкт-Петербург Хартияи СҲШ ба имзо расид, ки он санади асосии Созмон маҳсуб меёбад. Тибқи ин санад ҳадаф ва вазифаҳои асосии СҲШ аз чӣ иборатанд?
ПРЕЗИДЕНТ: — Воқеан, Хартияи СҲШ санади таърихиест, ки барои Созмон аҳамияти муайянкунанда дорад. Он ҳадафҳо ва самтҳои асосии ҳамкориро муайян карда, барои фаъолияти Созмон заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Дар Хартия се самти асосии фаъолият, ки пешрафти рӯзафзуни моро дар доираи иттиҳод таъмин мекунанд, муайян шудаанд. Инҳо — ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат ва амният, дар соҳаи иқтисод ва дар соҳаи ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ мебошанд.
Тибқи Хартия ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии СҲШ аз таҳкими эътимоди тарафайн, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, ҳифз ва таҳкими сулҳ, амният ва субот дар минтақа, муқовимати муштарак бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм дар ҳама гуна зуҳуроти онҳо, мусоидати ҳамаҷониба ва мутавозин ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар минтақа, дастгирӣ ва рушди муносибатҳо бо дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ иборат мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз давлатҳои аъзои СҲШ дастурамали муқарраркардаи сарварони давлатҳо — бунёдгузорони созмонро мунтазам татбиқ менамоянд.
АМИТ «ХОВАР»: — Минбаъд СҲШ чӣ гуна рушд кард? Кадом рӯйдодҳои минбаъдаро дар ҳаёти ташкилот метавон муҳим арзёбӣ намуд?
ПРЕЗИДЕНТ: — Қабл аз ҳама, мехоҳам зикр намоям, ки соли 2007 кишварҳои СҲШ Созишнома дар бораи ҳамсоягии неки дарозмуддат, дӯстӣ ва ҳамкориро ба имзо имзо расониданд. Ин хеле муҳим аст.
Қадами дигари муҳим дар самти рушди СҲШ ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар соли 2005 буд, ки дар он якбора ба ду давлати абарқудрати Осиё — Ҳиндустон ва Покистон мақоми нозир дода шуд ва пас аз дувоздаҳ сол онҳо узви комилҳуқуқи ин Созмон шуданд. Бо мурури замон Муғулистон, Беларус, Афғонистон ва Эрон низ мақоми нозир, Арманистон, Озарбойҷон, Туркия, Камбоҷа, Непал ва Шри-Ланка мақоми шарики муколамаро гирифтанд. Инчунин беш аз даҳ давлат барои ширкат дар СҲШ ба ҳайси нозир муроҷиат кардаанд, ки дар байни онҳо Украина, Арабистони Саудӣ, Қатар, Исроил ва дигар давлатҳо ҳастанд.
Яъне, СҲШ аз ҷиҳати ҷуғрофӣ тавсеа ёфт ва ин имкон дод, ки нуфузи ин Созмон дар арсаи ҷаҳонӣ боло равад.
АМИТ «ХОВАР»: — Ҷаноби Олӣ, лутфан бигӯед, ки дар ҳоли ҳозир Созмон чӣ гуна имкониятҳоро дорост ва он имрӯз дар харитаи геополитикии ҷаҳон ба чӣ сурат намоён мешавад?
ПРЕЗИДЕНТ: — Худатон мулоҳиза кунед: қаламрави СҲШ, бо шумули давлатҳои нозир, аз Уқёнуси Атлантика то Уқёнуси Ором ва аз Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ то Уқёнуси Ҳиндро, ки беш аз 60 фоизи қитъаи Авруосиёро дарбар мегирад ва дар ин қаламрав, ки беш аз 34 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад, зиёда аз 3 миллиард нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Ин тақрибан нисфи аҳолии кураи Замин аст.
Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки бист сол барои таърих муддати начандон тӯлонист, вале дар ин муддати кӯтоҳ СҲШ тавонист эътирофи байналмилалиро ба даст оварад ва ба платформаи муваффақи ҳамкории бисёрсоҳавӣ табдил ёбад. Дар тӯли ин солҳо заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Созмон ташаккул ва мунтазам такмил ёфта, заминаҳои мустаҳками институтсионалии он ба вуҷуд оварда шуданд.
Имрӯз СҲШ — иштирокчии бонуфуз ва масъули низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ мебошад, ки дар таъмини сулҳ ва амният, ҳалли низоъҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ танҳо бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳо, даст кашидан аз истифодаи неру ё таҳдиди истифодаи он саҳми худро мегузорад.
Хуллас, Созмон дар тӯли як муддати аз рӯи меъёрҳои таърихӣ нисбатан кӯтоҳ ба омили муҳим дар сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфт.
АМИТ «ХОВАР»: — Тавре медонем, Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025, ки аз рӯи натиҷаҳои саммити Уфа дар моҳи июли соли 2015 қабул шуд, самтҳо ва уфуқҳои таҳаввулоти минбаъдаи Созмонро муайян мекунад. Ба назари Шумо, дар ин санад чӣ чиз калидӣ аст?
ПРЕЗИДЕНТ: — Дар Стратегия зикр шудааст, ки кишварҳои СҲШ ба ҳуқуқи интихоби роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо дарназардошти таҷрибаи таърихӣ ва хусусиятҳои миллии ҳар як давлат, мусоидат ба муколамаи байни тамаддунҳо, сулҳ, пешрафт ва ҳамоҳангии умум эҳтиром мегузоранд, принсипҳои дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, эҳтироми соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узви СҲШ-ро ба роҳбарӣ мегиранд ва истифодаи чораҳои фишори якҷонибаро бе тасдиқи Шӯрои Амнияти СММ дастгирӣ намекунанд. Ин яке аз бандҳои муҳими ҳуҷҷати мазкур мебошад.
Дар баробари ин, фаъолияти СҲШ минбаъд низ ба муқобили кишварҳои сеюм ва иттиҳодҳои онҳо равона карда намешавад. Давлатҳои аъзо аз рӯи принсипи роҳ надодан ба ҳама гуна амалҳои ғайриқонунии бар зидди манфиатҳои СҲШ равонашуда, ки дар Хартияи СҲШ сабт шудаанд, амал менамоянд.
Инчунин, кишварҳои СҲШ тасмим гирифтаанд, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аҳамияти баробар додан ба «ҳама намуди ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба рушд» кумак кунанд.
Тавре дар Стратегия гуфта шудааст, ба ҳамкорӣ дар мубориза бо фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии террористӣ, ки ба ҷалби шаҳрвандони кишварҳои узви СҲШ ба гурӯҳҳои террористӣ, сепаратистӣ ва экстремистӣ равона карда мешаванд, диққати махсус дода мешавад.
Кишварҳои СҲШ ба паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, пеш аз ҳама дар байни ҷавонон, муқовимат намуда, ҷиҳати пешгирии ифротгароии динӣ, миллатгароии хашмин, таҳаммулнопазирии қавмӣ ва нажодӣ тадбирҳо меандешанд.
Дар соҳаи таъмини амният ва суботи минтақавӣ, илова бар мубориза бо терроризм, инчунин мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, маводи ҳастаӣ, ҷинояткории фаромарзӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон зикр шудаанд.
АМИТ «ХОВАР»: — Ин соли ҷашнӣ барои СҲШ замони ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти он мебошад. Ин иттиҳод чӣ самар дошт, оё вазифаҳое, ки Созмон дар назди худ гузоштааст, амалӣ гардиданд?
ПРЕЗИДЕНТ: — Бешубҳа, барои Тоҷикистон, чун дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, бо пайдоиши СҲШ шароит барои рушди босубот ва устувор беҳбуд ёфта, ба ҳамкории бисёрҷонибаи иқтисодӣ такони ҷиддӣ бахшида шуд. Ин хизмати ҳамаи мост ва мо метавонем аз дастовардҳои муштараки худ ифтихор кунем.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ҳоло шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳз кишварҳои узви СҲШ мебошанд: Россия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон, Ҳиндустон.
Инчунин Сохтори минтақавии зиддитеррористии /СМЗТ/ СҲШ таъсис дода шуд, ки дар амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ саҳми воқеӣ гузошта, кӯшишҳои кишварҳои аъзоро дар мубориза бо ба ном «се неруи бадӣ» ва дигар намудҳои ҷиноятҳои фаромарзӣ ҳамоҳанг сохт.
Дар тӯли солҳои мавҷудияти СҲШ Гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон таъсис дода шуд, ки дар доираи он «харитаи роҳ» барои амалҳои минбаъдаи Созмони мо дар самти Афғонистон таҳия ва қабул карда шуданд. Ҳамаи ин барои кӯмак расонидан ба Афғонистон, ҳамсояи ҷанубии мо, дар ташаккули давлати устувор ва амн, орӣ аз терроризму ҷинояткории марбут ба маводи мухаддир ва зистан дар фазои сулҳ бо ҳамсоягонаш, равона шудаанд.
Ва дар ниҳоят, ҳайати СҲШ, бо шомил шудани Ҳиндустон ва Покистон ба ҳайати давлатҳои аъзо, то ҳашт кишвар густариш ёфт.
Дар мавриди иҷрои вазифаҳои гузошташуда, метавонам бигӯям, арзёбии он ки дар тӯли 20 соли гузашта амалӣ шудани онҳо даст дод ё надод, аз ҷониби сарони кишварҳои аъзои СҲШ рӯзҳои 16-17 сентябри соли равон дар саммити ҷашнии Душанбе баҳо дода хоҳад шуд.
АМИТ «ХОВАР»: — Муҳтарам Ҷаноби Президент, ҳамчун Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, Шумо кадом вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Созмонро дар соли 2021 зикр карданӣ ҳастед?
ПРЕЗИДЕНТ: — Ман чунин меҳисобам, ки вазифаи асосӣ ин таҳкими иқтидор ва мавқеи байналмилалии Созмони мо мебошад.
Назари худро дар бораи самтҳои асосии кори муштарак дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар саммити қаблӣ моҳи ноябри соли гузашта мухтасар баён дошта будам.
Такрор мекунам, ки дар пасманзари пандемияи коронавирус имрӯз мо ба мушкилоти нави иҷтимоию иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардидаем. Иқтисоди миллии кишварҳои аъзо, аз ҷумла Тоҷикистон зарари ҷиддӣ мебинад. Пандемия ба динамикаи рушди иқтисоди ҷаҳонӣ тағйироти муайян ворид кард. Он омили афзоиши якбораи бекорӣ, монеаи воридшавии сармоягузорӣ ва рушди савдо гардид. Кишварҳои гуногун метавонанд бо таҳдидҳои амнияти озуқаворӣ рӯ ба рӯ шаванд. Тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба иқтисоди ҷаҳонӣ хусусияти дарозмуддат дорад.
Мусаллам аст, ки ин чолишҳо моро ба андешидани чораҳои зарурии таъхирнопазир ҷиҳати вокуниши муносиби муштарак ба онҳо водор месозад. Мутаносибан, дар фазои СҲШ ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Дар ин замина, кӯмаки ҳамаҷониба ба интиқоли бемамонияти молҳои таъйиноти иҷтимоӣ, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруворӣ дар фазои СҲШ аҳамияти калон пайдо мекунад.
Мо самти афзалиятноки раёсати худро дар таҳкими минбаъдаи муттаҳидсозии дохилии Созмони худ, бо истифода аз тамоми имконот ва захираҳои мавҷуда барои дастгирии мутақобила, мебинем.
Мутаносибан, масъалаҳои истифодаи васеи имкониятҳои транзитии фазои СҲШ дар мадди таваҷҷуҳ қарор дода мешаванд.
Фикр мекунам, ҳоло зарурати густариши ҳамкорӣ дар бахши истеҳсолоти саноатӣ ва энергетикӣ, бахусус дар соҳаҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла гидроэнергетика ба миён омадааст. Дар ин замина, моҳҳои июл ва августи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузории нахустин мулоқоти вазирони саноат ва вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои СҲШ ба нақша гирифта шудааст. Умедворем, ки баргузории ин чорабиниҳо барои эҷоди механизмҳои мукаммали ҳамкорӣ дар ин самтҳо дар доираи СҲШ замина мегузоранд. Умедворам, дар ҷараёни саммити СҲШ дар Душанбе мо ба қабули қарорҳои дахлдор муваффақ мегардем.
Мо ба пешбурди ҳамаҷонибаи маҷмӯи масъалаҳои марбут ба амнияти озуқаворӣ умед дорем.
Дар заминаи ҳамкории башардӯстона, Тоҷикистон ба ҳайси раисикунанда, ҳамаи пешниҳодҳоро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ, инчунин кор бо ҷавонон дастгирӣ мекунад.
Дар шароити кунунӣ рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла масъалаҳои тағирёбии иқлим аҳамияти махсус дорад. Дар қаламрави Тоҷикистон 13 000 пирях ва тақрибан 1000 дарё мавҷуданд, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Мавҷудияти ин захираҳо барои рушди “иқтисоди сабз” замина фароҳам меорад.
Истифодаи муштараки иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки сатҳи таъминоти неруи барқ дар кишварҳои минтақа боло бардошта, арзиши истеҳсоли он кам карда шавад, инчунин хатар ба муҳити зист ва ҳаҷми партоби гази карбон ба атмосфера коҳиш дода шавад.
Аз ин рӯ, мо ба дастгирии минбаъдаи шарикон дар татбиқи ташаббусҳои мо дар рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла пешниҳоди таъсиси Фонди байналмилалии пиряхҳо, умед дорем.
Ва, албатта, зарур мешуморам, ки фаъолияти муштараки мақсаднок дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва чолишҳои амниятӣ идома дода шаванд.
Масъалаҳои ҷинояти киберӣ ва мубориза бо паҳншавии ақидаҳои гуногуни ифротгароӣ, хусусан дар байни ҷавонон, диққати махсусро талаб мекунанд.
Ҳамаи ин соҳаҳо Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 ва инчунин Нақшаи чорабиниҳои асосиро, ки мутобиқи ин Консепсия таҳия шудааст, фаро мегиранд. Аксарияти чорабиниҳое, ки ба нақшаи мазкур дохил карда шудаанд, дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Ин чорабиниҳо иборат аз мулоқотҳои роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ, вазоратҳои мудофиа, адлия, молия, тандурустӣ, нақлиёт, котибони шӯроҳои амният, роҳбарони мақомоти мубориза бо маводи мухаддир, туризм, инчунин консерти бошукӯҳ, фестивалҳо ва форумҳо бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои СҲШ мебошанд.
АМИТ «ХОВАР»: — Воқеан, дар Нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ, ки аз ҷониби Шумо тасдиқ шудааст, баргузории Форуми роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи СҲШ дар оғози моҳи августи соли равон дар Душанбе низ пешбинӣ гардидааст. Лутфан бигӯед, нақши ВАО дар рушди ҳамкории байни давлатҳои аъзои Созмон чӣ гуна аст?
ПРЕЗИДЕНТ: — Бо назардошти он, ки мо дар замони рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зиндагӣ дорем, воситаҳои ахбори омма нақши муҳим мебозанд. Ман на як бору ду бор изҳор доштаам, ки асри мо асри иттилоотонии глобалӣ мебошад.
Тавре маълум аст, мо ҳанӯз соли 2003 Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул карда будем.
Имрӯз иттилоот ба яке аз воситаҳои муҳимтарини ташаккули ояндаи инсоният табдил меёбад. Фардо чи гуна арзи ҳастӣ кардани ҷаҳон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ВАО воқеаҳои имрӯзаро чи гуна инъикос мекунанд. Муҳит дар дохили кишвар ва ҳам дар муносибатҳои байни давлатҳо аз мавқеи рӯзноманигорон, блогерҳо, нависандагон ва дигар нафарони эҷодкор вобаста аст.
АМИТ «ХОВАР»: — Ташаккур, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, барои чунин баҳогузорӣ ба фаъолияти ҳамкасбони мо, ки он ба зиммаи мо масъулияти калон низ мегузорад. Воқеан, СҲШ хоҳони ниятҳои нек нисбат ба кулли халқҳои дунёст. Шумо иқтидор ва дурнамои Созмонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
ПРЕЗИДЕНТ: — Мехоҳам як ҳақиқати оддиро такрор кунам: дар ҷаҳон кори намешуданӣ нест, агар завқу хоҳиш бошад. Раҳбарони СҲШ бисёр мехоҳанд, ки зиндагиро дар минтақа ба куллӣ беҳтар созанд.
Мазмуни асосии принсипҳои фаъолияти Созмон шаффофият, эътимод, баробарӣ, ҳамсоягии нек, манфиати мутақобила, машваратҳои тарафайн, эҳтиром ба гуногунии фарҳангҳо ва тамаддунҳо, талош барои эҷод ва рушди муштарак мебошад. Ин принсипҳо дар ҳақиқат дар ташаккули ҳамкории байни кишварҳои аъзои СҲШ ҳамчун модели нави ҳамкории минтақавӣ — бо ҳадафи ниҳоии расидан ба ҳамоҳангӣ ва шукуфоии умумӣ, муҳим ҳисобида мешаванд.
Зимнан, бояд тазаккур диҳам, ки осори як зумра ашхоси бузург ва мутафаккирони Шарқ — аҷдоди шарафманди халқҳои маскуни кишварҳои аъзои СҲШ моломоли ғояҳои дӯстӣ, иродаи қавӣ, боварии тарафайн, ҳамсоягии нек ва дастгирии ҳамдигар мебошанд.
Ин мерос, ки аз насл ба насл, аз як даврон да даврони дигар мегузарад, маҷмӯи арзишҳои мондагорест, ки берун аз замон ва фазо боқӣ хоҳад монд.
Чунин мешуморам, ки мо бояд ин мероси пурғановатро ҳифз ва афзун намуда, дар ҳаёт ва фаъолияти рӯзмарраи худ ба манфиати халқҳо ва кишварҳоямон истифода намоем.
Дар ин росто, итминон дорам, қарорҳое, ки дар ҷараёни саммити ҷашнии Созмон дар Душанбе қабул карда мешаванд, ба таҳкими минбаъдаи амният ва суботи минтақавӣ, роҳандозии ҳамкорӣ дар доираи он дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн хидмат хоҳанд кард.
АМИТ «ХОВАР»: — Ташаккур, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, барои ба мо вақт ҷудо намуданатон! Ба Шумо саломатии бардавом орзу намуда, дар ҳамаи корҳоятон, аз ҷумла бо муваффақият сипарӣ кардани давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай барор мехоҳем!