Home > Без рубрики > Низоми бераводидӣ бо АМА ва Шоҳигарии Баҳрайн

Низоми бераводидӣ бо АМА ва Шоҳигарии Баҳрайн

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 464 аз 25 октябри соли 2021 “Дар бораи ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷӣ”, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022, бо 52 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб ва Шоҳигарии Баҳрайн низоми бераводиди яктарафаро ҷорӣ менамояд. Шаҳрвандони кишварҳои мазкур метавонанд давоми 30 рӯз дар Тоҷикистон қарор дошта бошанд.