Facebook
Instagram
Twitter
Home > Имкониятҳои сармоягузорӣ

Имкониятҳои сармоягузорӣ

Гидроэнергетика

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бепоёни гидроэнергетикӣ буда, аз рӯи захираҳои мушаххаси худ (ба ҳар сари аҳолӣ ва воҳиди ҳудудӣ) дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол мекунад. Тоҷикистон дорои иқтидори истеҳсолии солонаи 527 миллиард кВт/соат нерӯи барқ аст, аммо имрӯз аз ин имконият танҳо 6%-аш истифода мешавад.Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – истиқлолияти энергетикӣ як қатор тадбирҳоро амалӣ карда истодааст. Ҳамин тариқ, дар ин давра иншооти зерин сохта ва ба истифода дода шудаанд:

  • Нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда-1 бо иқтидори 670 МВт;
  • Нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда-2 бо иқтидори 220 МВт;
  • 283 НБО-и хурд бо иқтидори 30 ҳазор кВт;
  • НБО «Душанбе-2», иқтидори 400 мВт;

Хати интиқоли қувваи барқ 500 кВт.Илова бар ин, татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди иншооти мавҷуда дар соҳаи энергетика идома дорад.Дар айни замон, бо дастгирии молиявии Бонки Осиёгии Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, асосноккунии техникӣ-иқтисодии таҷдид ва навсозии НБО Сарбанд (240 МВт) ва НБО Қайроққум (126 МВт) таҳия шудааст.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёгии Рушд оид ба ҷудо кардани грант дар ҳаҷми 136 миллион доллари ИМА барои навсозии НБО Сарбанд созишнома ба имзо расонид. Лоиҳаҳои навсозии нерӯгоҳҳои барқии обӣ, инчунин зиёд кардани иқтидори гидроагрегатҳоро то 10% пешбинӣ мекунанд, ки болоравии иқтидори онҳоро таъмин менамояд.

Нақлиёт

Рушди соҳаи нақлиёт барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бешубҳа, яке аз ҳадафҳои стратегии давлат мебошад.

Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрӣ дастрасии мустақим надорад. Аз ин рӯ, роҳҳо ва шабакаҳои роҳи оҳан калиди рушди иқтисодии кишвар мебошанд. Зиёда аз 90% гардиши мусофирон ва тақрибан 70% интиқоли борҳо ба нақлиёти автомобилӣ рост меоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви 10 барномаи байналмилалии нақлиёт, аз ҷумла ESCAP, UN, TRACECA, Созмони ҳамкории Шанхай, SPECA, ECO мебошад.

Дар солҳои охир, бо ҷалби сармояи хориҷӣ 38 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт амалӣ карда шуданд, ки дар натиҷа 2000 км роҳҳо, 240 пулҳо, 132 км роҳи оҳан, 31,5 км нақбҳо ва иншоотҳои муҳофизатӣ аз тарма мавриди истифода қарор гирифтанд.
Лоиҳаҳои нисбатан муваффақ инҳоянд:

  • Сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Данғара дар ҳамбастагӣ бо Эксимбонки ҶМЧ ба маблағи 256,27 миллион доллари ИМА;
  • Сохтмони роҳи автомобилгарди « Душанбе сарҳади Ӯзбекистон» дар якҷоягӣ бо Бонки Осиёгии Рушд ба маблағи 131,2 миллион доллари ИМА;
  • Сохтмони роҳи “Душанбе сарҳади Қирғизистон” дар якҷоягӣ бо Бонки Осиёгии Рушд ба маблағи 76,5 миллион доллар;
  • Сохтмони роҳи автомобилгарди “Кӯлоб-Қалъаи-Хумб”, қитъаи “Шӯрообод-Шоҳон” дар якҷоягӣ бо Фонди Саудии Рушд, Хазинаи ОПЕК, Бонки Исломии Рушд, Фонди Рушди Қувайт ва Фонди Абу-Дабӣ ба маблағи умумии 92,9 миллион доллар;
  • Сохтмони роҳи автомобилгарди “Душанбе-Хуҷанд-Чанак” ва нақби Шаҳристон дар якҷоягӣ бо China Road and Bridge Corporation ба маблағи 310 миллион доллар.

Дарозии роҳҳои оҳани Тоҷикистон 935 км-ро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аъзои Созишномаи роҳи оҳани Осиё мебошад (TG), ки роҳи оҳанро бо 28 кишвари Осиё ва Аврупо мепайвандад. Ин шартнома 11 июни соли 2009 эътибор пайдо кард. Он барои мусоидат ба ҳамлу нақли бор ва интиқоли мусофирон дар дохили Осиё ва байни Осиё ва Аврупо таҳия шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҳукуматҳои Туркманистон ва Афғонистон лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон”-ро амалӣ карда истодааст. Тахмин меравад, ки ин роҳи оҳан барои баланд бардоштани суръати рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳамлу нақли ҳавоӣ тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ ва байналмилалӣ амалӣ карда мешавад. Тоҷикистон 4 фурудгоҳи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб дорад.

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ бо 21 мамлакати хориҷии дуру наздик шартномаҳо дар бораи алоқаи авиатсионӣ ба имзо расонида шудааст. Илова бар ин, ширкатҳои дохилии “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” тавассути 33 хатсайр ба 9 давлати дуру наздик ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд.

3-юми сентябри соли 2014 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали мусофиркашонии муосир мавриди истифода қарор гирифт, ки он аз ҳисоби маблағҳои Тоҷикистон ва Фаронса сохта шуд, ки метавонад дар 1 соат ба 500 мусофир хизмат кунад.

Кишоварзӣ

Яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки имрӯз аз ҳисоби он тақрибан 23,3%-и ММД, беш аз 70%-и ҷойҳои корӣ, 25%-и содирот ва 35%-и воридоти андоз ба буҷети давлат таъмин мегардад.

Новобаста аз он ки шароити иқлими ҷумҳурӣ барои парвариши ҳама навъҳои зироатҳои ғалладона мувофиқ аст, релефи кӯҳӣ имкониятҳои аҳолиро дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то андозае маҳдуд мекунад.

Масоҳати умумии заминҳое, ки барои корҳои кишоварзӣ мувофиқ мебошанд, 7,2 миллион гектарро ташкил медиҳад ва қисми зиёди он барои парвариши чорво ҳамчун чарогоҳ истифода мешавад. Майдони кишти зироатҳо ҳамагӣ 675 ҳазор га-ро ташкил мекунад, ки аз он танҳо 470 ҳазор га обёрӣ карда мешавад. Ҳамчунин, 180 ҳазор гектари ин заминҳо ба сифати боғу токзор дар истифода аст.

Ҳамасола дар заминҳои обёришаванда ва лалмии Тоҷикистони офтобӣ беш аз 1,4 миллион тонна ғалла, 900 ҳазор тонна картошка, 1,6 миллион тонна сабзавот, 595 ҳазор тонна харбуза ва 300 ҳазор тонна мева истеҳсол карда мешавад. Бояд қайд кард, ки дар соли 2016 ҳаҷми содироти сабзавот ва меваҳои Тоҷикистон аз 200 ҳазор тонна гузашт.

Пахта

То ҳол қисмати асосии маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро ташкил мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир, аз се як ҳиссаи тамоми заминҳои корами ҷумҳурӣ ин зироати кишоварзӣ мебошад. Бинобар шароити муносиби агро-экологӣ, аз ҷумла 10 моҳи рӯзҳои офтобӣ дар як сол ва захираҳои фаровони обӣ ҳамасола дар кишвар то 400 ҳазор тонна пахтаи босифатро истеҳсол кардан имконпазир аст.

Коркарди мева

Меваҳои Тоҷикистон дар бисёр кишварҳои дунё, натанҳо аз ҳисоби аз ҷиҳати экологӣ тоза будан, балки бо тамъу маззаи нотакрори худ талабгори зиёд доранд.Шароити нодири иқлими ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки дар ин ҷо зардолу, шафтолу, ангур, себ, нок, хурмо, анор ва меваҳои ситрусӣ парвариш карда шаванд. Сабзавоту меваҳо аз рӯи содирот дар ҷумҳурӣ баъд аз пахта дар ҷойи дуюм қарор доранд.Дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои коркарди мева рӯз аз рӯз меафзояд. Яке аз омилҳои муҳим он аст, ки дар чунин ҳолат меваҳои хушк ба осонӣ интиқол, ҳифз ва бо нархи баланд фурӯхта мешаванд. Солҳои охир ин соҳаи саноат дар Тоҷикистон аз ҳисоби содироти маҳсулоти истеҳсолшаванда суръати рушди устуворро нишон медиҳад. 

Асалпарварӣ

Дар Тоҷикистон занбӯриасалпарварӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ буда, таърихи қадима дорад.Олими машҳур Абӯ Алӣ ибни Сино (Авитсенна) дар асари худ «Қонуни тиб» манфиатҳои асал ва заҳри занбӯрро ба саломатии инсон қайд мекунад.Теъдоди зиёди гиёҳҳои шаҳдбор дар ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки аз 500 то 600 ҳазор оилаи занбӯри асал, ки метавонанд дар як сол аз 10 то 12 ҳазор тонна асал ва ҳамчунин миқдори зиёди дигар маҳсулот, ба мисли мум, прополис, гарда ва заҳри занбӯрро ҳосил кунанд, парвариш намуд.Дар Тоҷикистон барои рушди занбӯрпарварӣ пойгоҳи бузурги хӯрок мавҷуд аст. То имрӯз майдони замини асал тақрибан ба 5 миллион гектар баробар аст. Ин имкон медиҳад, ки истеҳсоли асал дар як сол то 30-40 ҳазор тонна афзоиш дода шавад.

Моҳипарварӣ

Бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофии ҷумҳурӣ ва шумораи зиёди дарёҳо ва кӯлҳо моҳидорӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои манфиатбор ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо талаботи аҳолии ҷумҳурӣ ба моҳӣ 14 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Бо назардошти ҳаҷми мавҷудаи захираҳои обӣ, тибқи нақша истеҳсоли маҳсулоти моҳӣ дар кишвар то 200 ҳазор тонна зиёд карда мешавад. Бояд гуфт, ки то 1 январи соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2023 тоннаро ташкил дода буд.

Чорводорӣ

Чорводорӣ яке аз ҷузъҳои таркибии бахши аграрии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки он аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар пас аз истеҳсоли зироатҳо дар ҷои дуюм меистад.Дар минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ чорводорӣ манбаи асосии даромади аҳолӣ мебошад. Шароити мусоиди иқлим, сифати хок ва фаровонии растаниҳои гуногуни ваҳшӣ дар ҷумҳурӣ барои парвариши зотҳои гуногуни ҳайвонот шароити мусоид фароҳам меорад. Аз ин рӯ, шумораи саршумори ҳайвоноти хонагӣ ва парранда дар Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна 8-10% афзоиш меёбад. Солҳои охир ҳиссаи хоҷагиҳо миёни аҳолӣ дар истеҳсоли тамоми маҳсулоти чорводорӣ, ба ғайр аз тухм ва парранда, беш аз 85-90% афзоиш меёбад.

Саноати кӯҳӣ

Имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 40 намуди маъданҳо истихроҷ карда мешаванд. Наздики 100 макони захираҳои табиӣ дар ҳоли истифода мебошанд. Ҳамзамон, зиёда аз 600 кони металлҳои поликимиёвӣ ва фулузоти нодир, ки қисман барои азхудкунӣ дар саноат омода гардидаанд, кашф шуда, мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. 

Захираҳои кишвар аз руҳ, сурб, висмут, молибден, волфрам, мис, тилло, нуқра, сурма, симоб, фтор, фил, уран, оҳан, манган, намаки маъмулӣ, магний ва дигар маъданҳо иборат буда, дорои иқтидори баланди содиротӣ мебошанд.

Саноати кимиёвӣ

Саноати кимиёи Тоҷикистон нисбатан ҷавон аст, аммо дорои иқтидори намоёни рушд мебошад. Дар кишвар барои рушди саноати кимиё захираҳои васеи маъданҳои фоиданок, нерӯи барқ ​​ва об мавҷуданд.Ҳамчунин, дар кишвар аллакай истеҳсоли васеи маҳсулоти дорои хлор ва нуриҳои азотӣ ба роҳ монда шудааст.

Ширкатҳои ватанӣ маҳсулотҳои зеринро истеҳсол мекунанд:

  • Маҳсулоти резинӣ
  • Респираторҳо ва линолеумҳо
  • Қубурҳо ва контейнерҳои пластикӣ
  • Маҳсулотҳои доруворӣ
  • Рангҳо ва лакҳо
  • Рангҳои силикатӣ
  • Шишаи моеъ
  • Маҳсулотҳои кимиёвии хонагӣ
  • Содаи каустикӣ
  • Намаки стронсии техникӣ
  • Намакҳои стронсии реактивӣ (зиёда аз 10 намуд)
  • Намакҳои реактивии висмут, барий ва стронсий
  • Моддаҳои таркандаи саноатӣ

Маҳсулоти кимиёвӣ асосан дар соҳаҳои металлургия, сохтмон ва саноати сабук истифода мешавад. Айни ҳол, дар шаҳри Ёвон як корхонаи криолитӣ бо иқтидори солонаи лоиҳавиаш 30 000 тонна сохта шудааст, ки фаъолияти он дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда мешавад. Корхонаи мазкур дар оянда талаботи солонаи корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик”-ро бо фториди алюминий ва криолит пурра таъмин хоҳад кард.Дар оянда сохтмони корхонаҳои истеҳсоли кислотаи сулфат бо иқтидори истеҳсолии 100 000 тонна ва суперфосфат 150 000 тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, ба роҳ мондани истеҳсоли сианиди натрий, сода, содаи хушки каустикӣ, хлорометан ва маҳсулот аз он, маҳсулотҳои шустушӯй, кимиёвӣ, коркарди ангишт ва нафт, кислотаи азот, нитрат, хлориди калий, аммофос, коркарди консентратҳои металлӣ, металлҳои ранга ва қиматбаҳо муфид ҳисобида мешаванд. 

Сайёҳӣ

Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохиливу хориҷӣ мероси бузурги фарҳангию таърихӣ, мавқеи мувофиқи ҷуғрофӣ, манзараҳои гуногуни табиӣ ва ёдгориҳои беназири табиӣ дорад.

Дар қаламрави Тоҷикистон кӯҳҳои баланди Помир мавҷуданд, ки дар саросари ҷаҳон ҳамчун “Боми ҷаҳон” маъруфанд. Роҳҳои кӯҳнавардӣ ба қуллаҳои баландтарин – Исмоили Сомонӣ ва Евгения Корженевская, ки дар баландии зиёда аз 7000 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. манзури сайёҳон мегардад. Ёдгории нодири табиӣ дар Помир “Боғи ботаникии Помир” мебошад, ки дар баландии 2320 м аз сатҳи баҳр дар наздикии шаҳри Хоруғ ҷойгир аст.

Дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан 200 манбаи обҳои минералӣ ва шифоӣ мавҷуданд, ки дар асоси онҳо соҳаи сайёҳии санаторӣ ва курортӣ рушд мекунанд. 

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон бозори рақобати сайёҳӣ ташаккул ёфтааст ва зиёда аз 150 ширкатҳои  сайёҳӣ фаъолият доранд. Бо мақсади рушди сайёҳии байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ низоми электронии додани раводид ҷорӣ карда шудааст. (www.evisa.tj)  

Дар кишвар зиёда аз 65% иншооти сайёҳии санаторӣ ва курортӣ барқарор карда шуданд ва зиёда аз 300 минтақаи истироҳатӣ-саёҳатии хусусӣ сохта шудаанд, ки ин барои ташкили сайёҳии байналмилалӣ, шуғли аҳолӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити воқеиро фароҳам меоранд. 

Тоҷикистон сарзамини қуллаҳои баландтарин, пиряхҳои азим, дарёҳои пурталотум, кӯлҳои зебо, набототи беназир ва ҳайвоноти нодир мебошад. Маҳз манзараи кӯҳӣ аст, ки асолату беназири табиати Тоҷикистон ва боигарии онро, ки дар минтақаҳои гуногуни иқлимӣ ба вуҷуд омадаанд, муайян мекунанд. Дар ҷумҳурӣ дар зарфи якуним соати парвоз аз гармои шадиди водии Вахш метавон ба сардиҳои арктикии барфҳои абадии Помир ворид шуд.