Facebook
Instagram
Twitter
Home > Муносибатҳои сиёсӣ

Муносибатҳои сиёсӣ

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Баҳрайн 20 майи соли 1995 барқарор шудаанд. Баҳрайн солҳои навадум истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

19 октябри 2018 Баҳодур Шарифӣ Сафири ғайримуқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Баҳрайн таъйин гардид.

27 майи 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Баҳрайн сафар карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистонро Подшоҳи Шоҳигарии Баҳрайн Шайх Ҳамад бин Исо Оли Халифа истиқбол гирифт. Доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо волотарин мукофоти давлатии Баҳрайн “Ал-Қилод ал-Халифӣ” (ордени Подшоҳӣ) сарфароз гардонида шуд. Ба Подшоҳи Баҳрайн Шайх Ҳамад ибни Исо Оли Халифа ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 супурда шуд. 

Вазири давлатии корҳои хориҷии Баҳрайн Ғоним Фазлулбуайнайн дар иҷлоси ёздаҳуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё, ки дар Душанбе 29 марти 2013 баргузор гардид, иштирок намуд.  Мулоқоти роҳбари ҳайати Баҳрайн бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷӣ сурат гирифт. Ҳамчунин, Вазири корҳои хориҷии он кишвар, Шайх Холид бин Аҳмад Оли Халифа дар Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки 14-15 июни 2019дар Душанбе баргузор шуд, иштирок намуд.

Миёни ду кишвар 8 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф ба имзо расидааст. Баёнияи муштараки Тоҷикистон ва Баҳрайн мунташир гардид, ки дар он самтҳои асосӣ ва роҳҳои рушди минбаъдаи муносибот ва ҳамкории ду кишвар дарҷ гардид.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ: Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Баҳрайн форуми васеи соҳибкорону тоҷирони ду кишвар оғоз ёфт. Беш аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирон аз ҳар ду ҷониб дар форум иштирок намуданд.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода дар маросими ифтитоҳи Маркази мавзеи таърихии “Зувор Тариқ ал-Луълуъ” ва Конфронси истисноии вазирони фарҳанги Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг, ки рӯзҳои 28-29 ноябри 2018 дар пойтахти он кишвар ш. Манома баргузор гардид, иштирок намуд.