Facebook
Instagram
Twitter
Home > Таъйид

Таъйид

Таъйиди консулии ҳуҷҷатҳо

Талабот нисбати ҳуҷҷатҳои барои таъйиди консулӣ пешниҳодшаванда:

  • ба забони тоҷикӣ ва ё русӣ тарҷума шуда бошад;
  • тасдиқи нотариалӣ дошта бошад;
  • дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва ё дигар мақомоти салоҳиятдори расмии давлати иқомат таъйид шуда бошад;
  • дар сурати таъйиди нусха, тасдиқи нотариалӣ лозим аст.

Қоидаҳои расмиёти таъйиди консулӣ:

  • хироҷи таъйиди консулӣ: (барои ҳар як ҳуҷҷат) 50 доллари ШМА (барои шахсони воқеӣ) ва 150 доллари ШМА (барои шахсони ҳуқуқӣ);
  • пардохти хироҷӣ консулӣ ба таври нақдӣ манъ аст;

 Хироҷи консули метавонад:

а) ба суратҳисоби Сафорат гузаронида шавад;

б) дар яке аз банкоматҳои FAB Bank пардохт шавад;

в) тавассути корти бонкӣ дар бахши консулии Сафорат пардохт карда шавад.

  • баррасии ҳуҷҷатҳои барои таъйиди консулӣ пешниҳодшуда 3 рӯзи кориро аз санаи пешниҳод фаро мегирад. Дар мавридҳои истисноӣ баррасии ҳуҷҷатҳо метавонад то 5 рӯзи корӣ тамдид гардад;
  • баррасии фаврии ҳуҷҷат ҷиҳати таъйиди консулӣ дар давоми 24 – 48 соат амалӣ гардида, хироҷ консулӣ дучанд мегардад.
  • дар ҳолати пайдо накардани ҳуҷҷат ё маълумот дар бораи он ва ё дар сурати рад кардани муроҷиаткунанда аз таъйиди консулии ҳуҷҷат, пардохт ба муроҷиаткунанда баргардонида намешавад.