Facebook
Instagram
Twitter
Home > Без рубрики > Ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Баҳрайн

Ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Баҳрайн

27 июли 2021 нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн дар шакли маҷозӣ баргузор шуд. Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн доктор шайх Абдуллоҳ бин Аҳмад Оли Халифа роҳбарӣ намуданд.

Дар машваратҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Баҳрайн дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи қарордодию ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо роҳандозии тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули боздидҳоро дар рушду нумӯи ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ намуда, зарурати баргузории аввалин Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногунро таъкид намуданд.