Home > Муносибатҳои сиёсӣ

Муносибатҳои сиёсӣ

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 18 декабри соли 1995 барқарор шудаанд.

Соли 2011 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб кушода шуд. 17 марти соли 2007 Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай таъсис дода шуд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА аз 18 майи 2016 Баҳодур Шарифӣ мебошад. Аз 21 ноябри 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори АМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор Муҳаммад Султон ал-Ҷобир фаъолият мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (16-18 декабри 1995, 9-13 апрели 2007 ва 16-17 марти 2016) ба Амороти Муттаҳидаи Араб сафари расмӣ анҷом додаанд. Дар ҷараёни сафарҳо, Сарвари давлат бо Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар шахсони баландпояи он кишвар мулоқоту суҳбатҳо доир намуданд. Дар фароварди ин боздидҳо 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб, 9-13 апрели 2007 дар шаҳри Дубай нахустин бизнес-форум бо иштироки соҳибкорони Амороту Тоҷикистон доир гардид.

19-20 декабри 2015 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМА баргузор шуд. Дар рафти сафар Вазири корҳои хориҷӣ бо шахсони воломақоми ин кишвар мулоқотҳо анҷом доданд.

Ҳамчунин, 25 майи 2017, Роҳбари давлат Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии АМА Шайх Абдуллоро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон ташриф оварда буд,  ба ҳузур пазируфтанд.

19 октябри 2017 дар Тоҷикистон машваратҳои консулӣ ва 5 марти 2019 дар Абу Забӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар машваратҳои сиёсӣ таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид. Айни замон заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи ду кишварро 12 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳанд.

12 декабри 2017 дар Абу Забӣ ҷаласаи сеюми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ байни Тоҷикистон ва Аморот баргузор гардид. Дар фароварди нишаст Протоколи ҷаласа ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук ба имзо расид.

1-20 апрели 2019 ҳайати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода дар Фестивали мероси Шориқа иштирок намуд. Ҳокими Шориқа ба гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташриф оварда, бо фарҳанги пурғановати Тоҷикистон аз наздик шинос шуд.

Гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар семоҳаи якуми 2019 маблағи 4,9 млн доллари ИМА-ро ташкил дод