Home > Без рубрики > Ҷамъомади ЭКСПО 2020 дар Дубай

Ҷамъомади ЭКСПО 2020 дар Дубай

19-20 октябри соли 2017 ҷамъомади ЭКСПО 2020 дар шаҳри Дубай баргузор гардид.

Дар ҷамъомади ЭКСПО 2020 ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид иштирок намуданд.

Сухани ифтитоҳиро хонум Рима ал Ҳошимӣ, Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ-Директори генералии ЭКСПО 2020 оғоз намуд. Хонум ал Ҳошимӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта қайд намуд, ки дар ҷамъомади мазкур бо кӯшиш ва талошҳои роҳбарияти Давлати Аморот намояндагони 180 кишвари дунё ҳузур дошта ин ҷамъомад мардумони 180 кишвари дунёро бо ҳам пайваст ва изҳори хоҳиш карда шуд, ки ҳозирин фикру андешаҳояшонро нисбати ҷамъомад пешниҳод намоянд.

Сипас сухан ба Муовини Президенти ЭКСПО 2020 Аҳмад ал Хатиб дода шуд. Номбурда дар бораи сохтмонҳо ва омодагӣ ба ЭКСПО 2020 маълумоти муфассал манзур намуд. Ал Хатиб қайд кард, ки макони ЭКСПО 2020 аз се гӯшаи асосӣ иборат буда дар байн Васл Плаза (васл яъне пайвастан) ҷойгир мебошад, ки ин се гӯшаро бо ҳам мепайвандад. Банда инчунин дар бораи гӯшаи (павилион) Аморот, павилионҳои дигар кишварҳо, омаду рафт дар шаҳрчаи ЭКСПО 2020 барои иштирокдорон, ҷои зисти меҳмонон ва боғи ЭКСПО 2020 маълумот манзур намуд.

Дар рафти иҷлосияи ЭКСПО 2020 пас аз ҳар як баромад иштирокчиёни ҷамъомад саволҳои худро ба масъулини ЭКСПО 2020 манзур намуда посухҳояшонро мегирифтанд.

Ҷамъомад дар фазои озод ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.